Western Union, фаъолияташро дар Русия ва Беларусро боз медорад.

         Western Union, ки тасмим гирифтааст, фаъолияташ дар Русия ва Беларусро боз дорад. Тавре дар ширкат шарҳ доданд, Western Union аллакай ба Бонки марказӣ ин давлатҳо муроҷиат кардааст, ки аз 24 март аз феҳристи операторони низоми пардохти хориҷ карда шавад.

 

           Муштариёни муҳтарам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки маблағҳои интиқолии тавассути Western Union воридшударо то санаи 24-март соли равон аз Идораҳо ва Марказҳои хизматрасонии ТАҚҲ Азизӣ-Молия қабул намоед. 


        
То он вақт, система корашро ҳам барои қабул ва ҳам додани интиқолҳои аз хориҷа фиристодашуда идома медиҳад. «Муштариён метавонанд дар давоми ду ҳафта барои қатъи ширкат омода шаванд, – Интиқолҳои аз Русия фиристодашуда то 24 март ба дастрас хоҳанд буд, Шумоён метавонед интиқоли худро дар нуқтаҳои хизматрасонии Азизи-Молия ба осонӣ қабул кунед. Агар ирсолкунанда дар Русия тасмим гирад, ки маблағи интиқолро баргардонад, ин корҳо дар нуқтаи яке аз шарикон анҷом додан мумкин аст.


     
Western Union як ширкати амрикоист, ки яке аз пешсафони интиқоли пулҳои байналмилалӣ мебошад. Дар Русия Western Union намояндагӣ мекунад, ки ба феҳристи Бонки марказӣ дохил карда шудааст. Тибқи арзёбиҳои коршиносон, тақрибан 40% интиқоли пулии фаромарзӣ дар Русия ба WU рост меояд.