Пасандози мӯҳлатноки “Афзалият”

Пасандози мӯҳлатноки “Афзалият”: Маҳсулоти амонатии мазкур пуркунанда ба ҳисоб рафта, мӯҳлати пуркунӣ то нисфи мӯҳлати амали шартномаи пасандозӣ мебошад ва танҳо бо пули миллии сомонӣ қабул карда мешавад. Фоизи пасандоз моҳона ҳисоб карда шуда, маблағҳои он бо хоҳиш ва дархости мизоҷон хароҷот карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

Шиноснома.  

РМА (Агар нусхаи шиноснома намунаи баъд аз соли 2014-ум бошад нусхаи РМА талаб карда намешавад)

Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасандозҳо бо пули милли сомонӣ қабул карда мешаванд. 

Маблағи камтарини пасандоз:

Бо пули миллӣ на кам аз 5 000,00 (Панҷ) ҳазор сомонӣ.

Маблағи пардохти иловагӣ:

Бе меҳдудият.

   Давраи гузоштани пардохти иловагӣ:

То нимаи амали мӯҳлати шартномаи пасандозӣ  имконпазир аст.

            Шартҳои асосии шартномаи пасандозӣ даромадӣ доимӣ аз он иборат аст, ки маблағи дар суратҳисоб буда бояд накамтар аз 3 моҳ дар Ташкилот нигоҳ дошта шавад.

Тарзи қабул кардани маблағи пасандоз: нақдӣ ва ғайри нақдӣ.

Мӯҳлати шартнома:   аз 3 (се) то 36 (сиюшаш) моҳ ва зиёда аз он.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

Ҳармоҳа тариқи нақди ва ғайринақди бо воситаи ҳамёни мобилӣ.

Баъд аз охир расидани мӯҳлати  шартнома

     Имкониятҳои пасандозгузор:

Имконияти воридоти иловагӣ ба пасандоз

Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.

Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ ва ҳамёни мобилӣ.

Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

 

Муҳлати пасандоз

Сомонӣ

Аз 3  то 36 моҳ

18 %-солона