ТочикиРусскийEnglish

Пасандоз кӯдаконаи “Тифли Заррин” фақат барои кӯдакони ноболиғ кушода мешавад. Пасандози мазкур пуркунанда мебошад, яъне пасандозгузор метавонад то як сол пеш ба охир расидани мӯҳлати шартномаи пасандозиаш ба ҳисоби мазкур маблағ ворид намояд. Фоизи пасандоз ҳар моҳ ҳисоб карда мешавад ва пас аз як сол ба маблағи асосии пасандоз зам карда мешавад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • шаҳодатномаи таваллуди кӯдак
  • шиносномаи яке аз волидайн

 

 Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ 100 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро 100 воҳиди асъор ва бо Рубли Русӣ 1000 воҳиди асъор.

 

Давраи гузоштани пардохти иловагӣ:  ҳармоҳа (то як сол пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати шартнома)

 

Маблағи пардохти иловагӣ:  на кам 20 воҳиди асъор  

 

Шартҳои асосии шартнома аз он иборат аст, ки маблағи дар суратҳисоббуда, на кам аз се сол дар Ҷамъият нигоҳ дошта мешавад.

 

Мӯҳлати шартнома:  на кам аз 3 сол то ба синни 18 солагии пасандозгузор.

    Дар ҳолати вайрон кардани шартҳои пасандоз:

  • то 1 моҳ мондани пасандоз 0%-и солона
  • Зиёда аз 1 моҳ бо пули миллӣ 4%-и солона бо асъорҳои хориҷӣ 2%-и солона
  • Зиёда аз нисфи мўҳлати шартнома бо пули милли 5%-и солона бо асъори хориҷӣ 4%-и солона

 

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз:

  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома
  • Фоизҳои ҳисобшуда дар охири сол ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд.

 

Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

 

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад:

 

Ба мӯҳлати аз 36 моҳ ва зиёда аз он

Мӯҳлати пасандоз

Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

36 моҳ ва зиёда аз он

15%

8%

3%

4%