Ҳоло Интиқолҳои пулӣ аз РФ метавонанд бо рақами телефон қабул карда шаванд:
Барои фиристодани маблағ аз замимаи Сбербанк онлайн, ба мизоҷ лозим аст, ки ба бахши «Платежи» ворид шуда, имконоти «За рубеж»-ро интихоб намояд.
Варақаи «Переводы за рубеж» кушода мешавад, ки дар он ҷо фиристанда «По номеру телефона»-ро интихоб мекунад.
Дар варақаи «Направление перевода» «Таджикистан»-ро интихоб мекунад.
Дар варақаи «Таджикистан» опсияи «Азизи-Молия»-ро пахш мекунад.
Дар варақаи кушодашудаи «Азизи-Молия» рақами телефони гиранда ва маблағи фиристоданро ворид намуда, тугмаи «Продолжить»-ро пахш мекунад.
Дурустии Ному Насаби пурраи гиранда ва маблағи фиристодан ва маблағи воридшавӣ дар сомониро тафтиш намуда, сипас тугмаи «Оплатить»-ро пахш мекунад, ки дар он маблағи фиристодан нишон дода мешавад.
Табрик мегӯем, интиқол бомуваффақият фиристода шуд.