Ҳамаи муроҷиатҳои воридшуда ҳатман ба қайд гирифта шуда, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ мегарданд. Ҷавоб ба муроҷиат тибқи моҳияти он ба таври хаттӣ ё электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар ҳолате ки масъалаҳои дар муроҷиат зикршуда ба салоҳияти ташкилот дохил набошанд, ба муроҷиаткунанда тавзеҳи дахлдор дода мешавад ё муроҷиат ба мақоми ваколатдор ирсол мегардад.
Роҳҳои пешниҳоди муроҷиатҳо
Шаҳрвандон метавонанд муроҷиатҳои худро бо роҳҳои зерин ирсол намоянд:
- тавассути почтаи электронӣ: info@azizi-moliya.tj
- тавассути телефон:
📞 44 630 20 23
📞 44 630 20 24 - ба таври хаттӣ ё ҳангоми муроҷиати шахсӣ ба суроғаи зерин:
ш. Хуҷанд, хиёбони И. Сомонӣ, хонаи 203 Б
Талабот ба муроҷиатҳо
Дар муроҷиат тавсия дода мешавад, ки маълумоти зерин нишон дода шавад:
- насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда;
- маълумоти тамос (суроға, рақами телефон ё почтаи электронӣ);
- моҳияти муроҷиат.
Муроҷиатҳои беном мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.