Дар бораи мо

Мувофиқи шартномаи таъсисӣ аз моҳи августи соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ ТАҚХ «Азизӣ-Инвест» ҳамчун ҷамъияти муттаҳидаи  кушода таъсис дода шудааст. Дар соли 2011, тибқи қарори Шӯрои нозирон, дар ташкилот Муассис иваз гардид. Бо мақсади риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва мувофиқи фармоиши Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қарори маҷлиси ғайринавбатии саҳмдорон, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Инвест” ба ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” иваз карда шуд. 

Ба ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолиятҳои бонкӣ санаи 15 октябри соли 2014 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст.

ТАКХ «Азизи-Молия» фаъолияти худро аз соли 2011 хамчун узви Ташкилотхои карзии ватани огоз карда, дар муддати кутох ба як ширкати боэътимоди молияви ноил гаштааст, айни замон бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор яке аз ширкатхои молияви ва технологии хамкадами замон мебошад.

Дар доираи фаъолияти худ мо аз технологияхои муосир ва стандартхои баланди маблаггузор истифода мебарем, ки ин ба мо имконият медихад, ки мутобики тачрибаи умумичахонии пешрафта, фаъолияти худро ба рох монем. Сифати баланди хизматрасони ба мизочон, самаранок идоракунии Ташкилот, муносибати хуб бо бонкхои шарикон, макомотхои танзимкунандаи давлати ва макомотхои хукумати махалли аз ин шаходат медихад.

ТАКХ «Азизи-Молия» дорои 27 вохидхои сохтори мебошад, ки бештар манотики кишварамон чойгир мебошанд ва ба ахолии кишварамон хизматрасонии бонкиро пешниход менамоянд, гайр аз ин Ташкилот дорои хамени мобилии худ мебошад, ки мизочони мо метавонанд 24 соат дар як руз таз хизматрасонии Бонкии муосир истифода намоянд ва пардохтхои худро амали намоянд. Махсулоту хизматрасонихои Ташкилот мувофики стандартхои чахони коркард шудаанд. Яке аз максадхои асосии Ташкилот ин воридсозии технологияхои нав ва махсулотхои инноватсиони бахри осонгардонии истифодабарии хизматрасонихои бонки дар зиндагонии харруза барои мизочон аст. 

ТАКХ «Азизи-Молия» аъзои фонди сугуртаи амонатхои шахсони вокеи ва аъзои Ассотсиатсияи ташкилотхои маблаггузории хурди Точикистон мебошад.