Барои кушодани амонати барои шахсони ҳуқуқӣ дар ҶДММ МДО «Азизи-Молия» ҳуҷҷатҳои ҳатмии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- Оинномаи ташкилот
- РМА (Рақами мушаххаси андозсупоранда)
- Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ
- Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилот
- Қарор ё фармон дар бораи таъини роҳбари ташкилот
- Қарор ё фармон дар бораи таъини сармуҳосиб (агар пешбинӣ шуда бошад)
- Шиносномаи роҳбари ташкилот
- Шиносномаи сармуҳосиби ташкилот
- Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ташкилот ҳамчун андозсупорандаи ААИ
Вобаста ба намуди фаъолияти ташкилот, бонк метавонад маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ дархост намояд.
Намунаи имзоҳо ва муҳр бевосита дар бонк бо иштироки роҳбар ва сармуҳосиби ташкилот пур карда мешавад.
Мавҷудияти муҳри ташкилот ҳатмист!
Амонатҳо дар асъори миллӣ ва асъорҳои хориҷӣ (рубли русӣ, доллари ИМА, евро ва юан) кушода мешаванд.
Арзиши кушодани як амонат барои ҳамаи асъорҳо 30 сомонӣ мебошад.