Қарзи «Соҳибкорӣ»

        Барномаи қарзии «Соҳибкорӣ» – ин қарзи хурди гурӯҳи ё инфиродӣ бо гарави амвол ва зоминҳо ба шахсони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад, ки имкон медиҳад як қарзгиранда қарзи хурдро дар ҳайати гуруҳи ӯҳдадории якҷоя ё инфиродӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкори гирад.

Қарзи хурди инфиродӣ ва гуруҳӣ

1. Асъори қарздиҳӣ

Сомонӣ, доллари ИМА ва ғайра асъорҳо

2. Шакли маблағгузори

Нақдӣ ва ғайринақдӣ

3. Фоизҳои қарзи хурд

Зинаи аввал бо пули миллӣ аз 12% то 32% бо асъори хориҷӣ аз 12% то 28% дар давоми як сол.
Зинаи дуюм бо пули миллӣ аз 12% то 28% бо асъори хориҷӣ аз 12% то 26% дар як сол.
Зинаҳои навбати бо пули миллӣ аз 12% то 26% бо асъори хориҷӣ аз 12% то 24% дар як сол.

4.Маблағи қарзи хурд дар доираи Гурӯҳҳои ӯҳдадории якҷоя (ба ҳар як аъзои гурӯҳ) ва шахсони алоҳида

а) Зинаи аввал:
–  бо пули миллӣ аз 1000 то 10.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ аз 100 то 1000 доллари ИМА.
б) зинаи дуюм.
–  бо пули миллӣ то 15.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ то 1.500 доллари ИМА.
в) Зинаи сеюм ва минбаъда
– бо пули миллӣ то 20.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ то 2.000 доллари ИМА.  

5.Маблағи қарз ба шахсони инфиродӣ 

а) Зинаи аввал:
– бо пули миллӣ то 100.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ то 10.000 доллари ИМА.
б) зинаи дуюм.
– бо пули миллӣ то 200.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ то 20.000 доллари ИМА.
в) Зинаи сеюм ва минбаъда
– бо пули миллӣ то 300.000 сомонӣ бо асъори  хориҷӣ то 30.000 доллари ИМА.  

6.Маблағи қарз ба шахсони ҳуқуқӣ

– бо пули миллӣ то 500.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи то 44.000 доллари ИМА.  

7. Мӯҳлати  қарз

аз 1 то 36 – моҳ:

8. Фоизи яквақтаи маъмури барои пешниҳод  намудани  қарз

Ситонида намешавад

9. Пардохти қарз ва фоизи он

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз) ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти қарзи асосӣ дар мувофиқа бо қарзгиранда дар ҳолати пешниҳоди мӯҳлати имтиёзӣ (на зиёда аз 10 моҳ) қарзи асоси мувофиқи нақшаи пардохт ситонида мешаванд, фоизҳо бошад ҳармоҳа аз бақияи қарзи асосӣ ситонида мешаванд.

10. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат пардохтани қарз

Аз қарзгир ҷарима ситонида намешавад, қарзгир бояд 5 рӯзи корӣ пештар ба таври хаттӣ оиди пеш аз мӯҳлат пардохт намудани қарз ба ташкилот хабарнома диҳад. 

11.Таъминоти қарз

Ба маблағи қарзии:
– аз 500 сомонӣ то 5000 сомонӣ ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ:
– кафолати як ё ду шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгир доранд).
 Ба маблағи қарзии:
 – аз 5.000 сомонӣ то 20.000 сомонӣ ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ:
 – кафолати ду шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгир доранд)
 Ба маблағи қарзи:
– бо пули миллӣ аз 20.000 сомонӣ то 500.000 сомонӣ; ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ;
  Амволи манқул ё ғайриманқул, амволи дар гардишбуда, таҷҳизот, амонат, маснуоти тилловорӣ, замонат ва ғайра.

Эъзоҳ; Дар ҳолати таърихи хуби қарзӣ доштан ва ё сазовор шудан ба боварии ташкилот ба мизоҷон иловатан бо қарори кумитаи қарзии саридора сабукиҳо дар самтҳои амволи гарав ва зоминҳо пешниҳод карда мешаванд.

12. Мӯҳлати дида баромадани дархост

то панҷ рузи корӣ пас аз ба қайдгирии дархости қарз.

13. Ҳолатҳои истинои

Маблағи қарз бо розигии кумитаи қарзӣ метавонад аз талаботи қисмҳои 4 ва 5 зиёд карда шавад.
Ҳолати истисно ба қисми-10: Дар сурати набудани маълумотнома аз ҷои кор ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи даромад тавсия дода мешавад, ки амволи манқули хоҷагидор ё дигар амволи он ба гарав гирифташуда шартномаи гарави амвол тартиб дода шавад.

14. Талабот ба аъзоёни гурӯҳҳо ва қарзгирони инфиродӣ:

Қарзгиранда бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда қайди доимӣ дошта бошад.
Дорандаи сарчашмаи даромади доими бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.
Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 65 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 65 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Дар ҳолати пурра таъмин будани таъминнокии маблағи қарзӣ бо маснуоти заргари/тилловори/ инчунин маблағҳои дар суратҳисобҳои амонати қарор дошта синну соли мизоҷон метавонад аз ҳадди ниҳои зиёд бошад,  барои қабул намудани қарор ва тасдики он парвандаи қарзии мизоҷон ба  кумитаи қарзии саридора пешниҳод карда мешавад.  
Дар истифодабарии худ макони савдо ё шартнома оиди ворид намудани ягон намуди молҳо ба ҶТ бошанд.
Ҳайати гуруҳи уҳдадории якҷоя бояд аз 3 нафар кам набуда аз 12 нафар зиёд набошад. Гуруҳҳо ё ин, ки миқдорашон аз ин талабот зиёд мебошанд ба ду гуруҳ ҷудо карда мешаванд.
Надоштани қарз ё ӯҳдадори дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ.

15. Талабот ба зоминҳо:

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қаламрави Ҷумҳури қайди доимӣ дошта бошанд.
Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 65 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 65 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Ҷои кори доими ва ё даромади доими дошта бошанд, ки ин даромад ва амволи онҳо баробар ба ҳаҷми умумии маблағи қарз, ки онҳо барои он зомин мебошанд.
Бо қарзгиранда зиндагии якҷоя надошта бошанд (волидайн, писару духтарон ва ё ҳамсар) Дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ надоштани ӯҳдадори ё ҳамчун зомин баромад накарда бошанд.
Маълумотнома аз ҷои истиқомат (бо талаби коршиноси қарзӣ);

16. Ҳуҷҷатҳои зарури барои Қарзгиранда:

Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи РМА;
Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҳайати оила; (барои қарзгирандагоне, ки хонаи истиқоматиашонро ба гарав мемонанд).
Маълумотнома дар бораи даромад дигар ҳуччатҳое, ки даромади  оилавии қарзгирро дар 6 моҳ ё 12 моҳи охир  тасдиқ мекунад;
Ариза – дархост оиди гирифтани қарз.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулки ба амволи гарав, розигии аъзоёни оилаи ба балоғат расида.
Розиги ҳамсари қарзгиранда (агар оиладор бошад ё шахсони ба амволи гарав гузошташаванда аъзоҳаққи дошта).
Агар қарзгир шахси ҳуқуқӣ бошад товозуни давраи охири моливӣ аз ҷониби кумитаи андоз тасдиқшуда, оиннома, нақшаи тиҷорати ва ҳуҷҷатҳои таъсиси пешниҳод менамояд.
Шаҳодатнома ё патенти шахси ба соҳибкори машғулбуда
Маълумотнома аз ҷои истиқомат (бо талаби коршиноси қарзӣ);

17. Ҳуҷҷатҳои зомин:

Нусхаи шиноснома ва нусхаи РМА;
Маълумотнома оиди даромадҳо барои 6 моҳи охир, дигар ҳуҷҷатҳое, ки пардохтпазирии зоминро тасдиқ мекунанд;

18. Талаботҳои иловагӣ:

Қарз бо назардошти даромади солона ва дигар даромадҳои аризадиҳанда ба миқдори 60% даромадҳои умуми аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Дар асоси дархости қарзгиранда ва пешниҳоди эксперти қарзӣ ба қарзгиранда мӯҳлати имтиёзӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати ба сифати гарав гузошта шудани маснуоти тилловорӣ ва ё амволи манқул ва ғайриманқул қарзи мазкур пас аз бо таври Қонуни ба расмиятдарории амволи ба гаравгузошта шаванда тибқи талаботҳо ва меъёрҳои қабулгардидаи ташкилот ва қонунгузории амалкунандаи ҶТ маблағ ба қарзгиранда дода мешавад.
Пас аз мусби ҳал шудани қарори кумитаи қарзӣ шартномаи қарзӣ, шартномаи амволи гарав ва ё шартномаи замонат баста шуда, қарз ба мизоҷ дар асоси талаботҳо дода мешавад.