Қарзи "Ҳунарҳои Мардуми"

         Барномаи қарзии «Ҳунарҳои Мардуми» ин қарзи хурди гурӯҳи ё инфиродӣ бо гарави амвол ва зоминҳо ба шахсони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад, ки имкон медиҳад як қарзгиранда қарзи хурдро дар ҳайати гуруҳи ӯҳдадории якҷоя ё инфиродӣ барои соҳаи ҳунарҳои мардуми (кулолгари, дӯзандаги, оҳангари, чакандӯзи, ҷомадӯзи, тоқидӯзи, рассоми, ва ғайра) гирад.

Қарзи хурди инфиродӣ ва гуруҳӣ

1. Асъори қарздиҳӣ

2. Шакли маблағгузори

Бо асъори миллии сомонӣ.

Нақдӣ ва ғайринақдӣ танҳо бо асъори миллии сомони.

3. Фоизҳои қарзи хурд

Зинаи аввал аз 15% то 25% дар як сол бо пули миллӣ  сомонӣ дар як сол.
Зинаи дувум аз 15% то 24% дар як сол бо пули миллӣ  сомонӣ дар як сол.
Зинаи сеюм аз 15% то 23% дар як сол бо пули миллӣ  сомонӣ дар як сол.

4. Маблағи қарзи хурд дар доираи Гурӯҳҳои ӯҳдадории якҷоя (ба ҳар як аъзои гурӯҳ) ва шахсони алоҳида

а) Зинаи аввал:
–  бо пули миллӣ аз 500 то 10.000 сомонӣ.
б) зинаи дуюм.
–  бо пули миллӣ то 15.000 сомонӣ.
в) Зинаи сеюм ва минбаъда

– бо пули миллӣ то 20.000 сомонӣ. .  

5. Маблағи қарз ба шахсони инфиродӣ 

а) Зинаи аввал:
– бо пули миллӣ то 90.000 сомонӣ.
б) зинаи дуюм.
–  бо пули миллӣ то 180.000 сомонӣ.
в) Зинаи сеюм ва минбаъда

– бо пули миллӣ то 200.000 сомонӣ. 

6. Маблағи қарз ба шахсони ҳуқуқӣ

– бо пули миллӣ то 250.000 сомонӣ.

7. Мӯҳлати  қарз

аз 1 то 36 – моҳ:

8. Фоизи яквақтаи маъмури барои пешниҳод  намудани  қарз

Ситонида намешавад

9. Пардохти қарз ва фоизи он

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз)
Ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти қарзи асосӣ  дар мувофиқа бо қарзгиранда.
Дар ҳолати пешниҳоди мӯҳлати имтиёзӣ (на зиёда аз 3 моҳ) қарзи асоси мувофиқи нақшаи пардохт ситонида мешаванд, фоизҳо бошад ҳармоҳа аз бақияи қарзи асосӣ ситонида мешаванд.

10. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат пардохтани қарз

Аз қарзгир ҷарима ситонида намешавад, қарзгир бояд 5 рӯзи корӣ пештар ба таври хаттӣ ё шифоҳи оиди пеш аз мӯҳлат пардохт намудан қарз ба Ташкилот хабар диҳад. 

11.Таъминоти қарз

Ба маблағи қарзи:
– аз 500 сомонӣ то 5000 сомонӣ;

  1. Кафолати як шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгир доранд)

 Ба маблағи қарзи:
 -аз 5.000 сомонӣ то 20.000 сомонӣ;

  1. Кафолати ду шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгир доранд)

 Ба маблағи қарзи:
– бо пули миллӣ аз 20.000 сомонӣ то 200.000 сомонӣ;

  1. Амволи манқул ё ғайриманқул, амволи дар гардишбуда, таҷҳизот, воситаи нақлиёт, амонат маснуоти тилловорӣ, замонат ва ғайра.

Эъзоҳ; Дар ҳолати таърихи хуби қарзӣ доштан ва ё сазовор шудан ба боварии ташкилот ба мизоҷон иловатан бо қарори кумитаи қарзии саридора сабукиҳо дар самтҳои амволи гарав ва зоминҳо пешниҳод карда мешаванд.

12. Мӯҳлати дида баромадани дархост

то се рузи корӣ пас аз ба қайдгирии дархости қарз.

13. Талабот ба аъзоёни гурӯҳҳо ва қарзгирони инфиродӣ

Қарзгиранда бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди доимӣ дошта бошад.
Дорандаи сарчашмаи даромади доими бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.
Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон низ аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Дар истифодабарии худ усто-хона, дастгоҳҳои истеҳсоли, нуқтаҳои савдо барои фурӯши молҳои истеҳсолшуда, корхонаҳои хурди мансуб ба ҳамин соҳа, ҷойҳои махсус барои фаъолият дошта бошанд.
Ҳайати гуруҳи уҳдадории якҷоя бояд аз 3 нафар кам набуда аз 12 нафар зиёд набошад. Гуруҳҳо ё ки миқдорашон аз ин талабот зиёд мебошанд ба ду гуруҳ ҷудо карда мешаванд.
 Надоштани қарз ё ӯҳдадори дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ.
Агар аъзо ё корманди ягон ташкилоти ҷамъиятии мансуб ба ҳамин соҳа бошанд маълумотнома ё дигар ҳуҷатҳои тасдиқкунанда ки фаъолияти ҳунармандии қарзгирандаро тасдиқ менамояд (бо талаби коршиноси қарзӣ)

14. Талабот ба зоминҳо

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қаламрави Ҷумҳури қайди доимӣ дошта бошанд.
Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Ҷои кори доими ва ё даромади доими дошта бошанд, ки ин даромад ва амволи онҳо баробар ба ҳаҷми умумии маблағи қарз, ки онҳо барои он зомин мебошанд.
Бо қарзгиранда хоҷагии умумӣ надошта бошад (волидайн, писару духтарон ва ё ҳамсар)
Дар назди ягон ташкилоти қарзӣ қарздор ё ҳамчун зомин баромад накарда бошад.
Ҳуҷатҳои иловаги дар ҳолатҳои истиснои ва пайдо шудани зарурият (бо талаби коршиноси қарзи) 

15. Ҳуҷҷатҳои зарури барои қарзгиранда:

Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи  РМА;
Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҳайати оила; (барои қарзгирандагоне, ки хонаи истиқоматиашонро ба гарав мемонанд).
Маълумотнома дар бораи даромад дигар ҳуччатҳое, ки даромади  оилавии қарзгирро дар 6 моҳ ё 12 моҳи охир  тасдиқ мекунад;
Ариза – дархост оиди гирифтани қарз.
Сертификат ё ягон намуди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки маҳс дар самти ҳунарҳои мардуми фаъолият намудани қарзгирандаро тасдиқ менамояд.
ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулки ба амволи гарав, розигии аъзоёни оилаи ба балоғат расида.
Розиги ҳамсари қарзгиранда (агар оиладор бошад ё шахсони ба амволи гарав гузошташаванда аъзоҳаққи дошта).
Агар қарзгир шахси ҳуқуқӣ бошад товозуни давраи охири моливӣ аз ҷониби кумитаи андоз тасдиқшуда, оиннома, нақшаи корӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси пешниҳод менамояд.
Шаҳодатнома ё патенти шахси ба ҳунарҳои мардуми машғулбуда
Маълумотнома аз ҷои истиқомат (бо талаби коршиноси қарзӣ);

16. Ҳуҷҷатҳои зомин:

Нусхаи шиноснома ва нусхаи РМА;
Маълумотнома оиди даромадҳо барои 6 моҳи охир, дигар ҳуҷҷатҳое, ки пардохтпазирии зоминро тасдиқ мекунанд;

17. Иловагӣ:

Қарз бо назардошти даромади солона ва дигар даромадҳои аризадиҳанда ба миқдори 60% даромадҳои умуми аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Дар асоси дархости қарзгиранда ва пешниҳоди эксперти қарзӣ ба қарзгиранда мӯҳлати имтиёзӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати ба сифати гарав гузошта шудани маснуоти тилловорӣ ва ё амволи манқул ва ғайриманқул қарзи мазкур пас аз бо таври Қонуни ба расмиятдарории амволи ба гаравгузошта шаванда тибқи талаботҳо ва меъёрҳои қабулгардидаи ташкилот ва қонунгузории амалкунандаи ҶТ маблағ ба Қарзгиранда дода мешавад.
    Пас аз мусби ҳалшудани қарори кумитаи қарзӣ шартномаи қарзӣ, шартномаи гарави амвол ва ё шартномаи замонат басташуда, қарз ба қарзгиранда дода мешавад.