Қарзи "Чорводорӣ"

      Барномаи қарзии «Чорводорӣ» – ин қарзи хурди гурӯҳи ё инфиродӣ бо гарави амвол ва зоминҳо ба шахсони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад, ки имкон медиҳад як қарзгиранда қарзи хурдро дар ҳайати гуруҳи ӯҳдадории якҷоя ё инфиродӣ барои соҳаи Чорводорӣ (занбӯрпарварӣ, парандапарварӣ, молпарварӣ ва ғайра) гирад.

Қарзи хурди инфиродӣ ва гуруҳӣ

1. Асъори Қарз

Сомонӣ, доллари ИМА ва ғайра асъорҳо

2. Шакли маблағгузори

Нақдӣ ва ғайринақдӣ

3. Фоизҳои қарзи хурд

Зинаи аввал аз 15% то 32% дар як сол бо пули  миллӣ ва бо асъори хориҷӣ аз 12% то 28% дар як сол.
Зинаи дуюм аз 12% то 30% дар як моҳ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ аз 12% то 26% дар як сол.
Зинаи сеюм аз 12% то 30% дар як моҳ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ аз 12%  то 26% дар як сол.

4.Маблағи қарзи хурд дар доираи Гурӯҳҳои ӯҳдадории якҷоя (ба ҳар як аъзои гурӯҳ)

а) Зинаи аввал:
– бо пули миллӣ аз 500 то 8.000 самонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба маблағи аз 100 то 1.000 доллари ИМА.
б) зинаи дуюм.
–  бо пули миллӣ то 15.000 самонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба маблағи то 2.000 доллари ИМА.
в) Зинаи сеюм ва минбаъда
– бо пули миллӣ то 20.000 самонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба маблағи то 2.500 доллари ИМА.  

5. Маблағи Қарз ба шахсони инфиродӣ

а) Зинаи аввал:
– бо пули миллӣ то 160.000 самонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба маблағи то 20.000 доллари ИМА.
б) зинаи дуюм.
–  бо пули миллӣ то 200.000 сомонӣ ва асъори бо  хориҷӣ ба маблағи то 25.000 доллари ИМА.
в) Зинаи сеюм ва минбаъда
– бо пули миллӣ то 240.000 самонӣ ва бо асъори  хориҷӣ ба маблағи то 30.000 доллари ИМА.  

6. Маблағи қарз ба шахсони ҳуқуқӣ

– бо пули миллӣ то 240.000 самонӣ ва бо асъори  хориҷӣ ба маблағи то 30.000 доллари ИМА.  

7. Мӯҳлати  қарз

аз 3- то 36 – моҳ:

8. Фоизи яквақтаи маъмури барои пешниҳод  намудани  қарз

Стонида намешавад.

9. Пардохти қарз ва фоизи он

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз) ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти қарзи асосӣ дар мувофиқа бо қарзгиранда. Дар ҳолати пешниҳоди мӯҳлати имтиёзӣ (на зиёда аз 10 моҳ) қарзи асоси мувофиқи нақшаи пардохт ситонида мешаванд, фоизҳо бошад ҳармоҳа аз бақияи қарзи асосӣ ситонида мешаванд.

10. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат пардохтани қарз

Аз қарзгир ҷарима ситонида намешавад, қарзгир бояд 5 рӯзи корӣ пештар ба таври хаттӣ ё шифоҳи оиди пеш аз мӯҳлат пардохт намудан қарз ба Ҷамъият хабар диҳад. 

11.Таъминоти қарз

Ба маблағи қарзи:
– аз 500 сомонӣ то 7.500 сомонӣ ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ;
1. Кафолати як ё ду шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгир доранд)
 Ба маблағи қарзи:
 -аз 7.500 сомонӣ то 15.000 сомонӣ ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ;
 2. Кафолати ду шахси воқеӣ ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгир доранд)
Ба маблағи қарзи:
– бо пули миллӣ аз 15.000 сомонӣ то 240.000 сомонӣ; ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ;
3. Амволи манқул ё ғайриманқул, амволи дар гардишбуда, таҷҳизот, воситаи нақлиёт, амонат маснуоти тилловорӣ, замонат ва ғайра.

Эъзоҳ; Дар ҳолати таърихи хуби қарзӣ доштан ва ё сазовор шудан ба боварии Ташкилот ба мизоҷон иловатан сабукиҳо дар самти амволи гарав ва зоминҳо пешниҳод карда мешаванд.

12. Мӯҳлати дида баромадани дархост

то панҷ рузи корӣ пас аз ба қайдгирии дархости қарз.

13. Ҳолатҳои истиноӣ

Маблағи қарз бо розигии кумитаи қарзӣ метавонад аз талаботи қисмҳои 4 ва 5 зиёд карда шавад. Ҳолати истисно ба қисми-10: Дар сурати набудани маълумотнома аз ҷои кор ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи даромад тавсия дода мешавад, ки амволи манқули хоҷагидор ё дигар амволи он ба гарав гирифташуда шартномаи гарави амвол тартиб дода шавад.

14. Талабот ба аъзоёни гурӯҳҳо ва қарзгирони инфиродӣ

Қарзгиранда бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди доимӣ дошта бошад.  Дорандаи сарчашмаи даромади доими бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда  Cинну соли қарзгирандагон аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 57 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз; 
Дарандаи шароит барои парвариши чорво ва ғайра бошад. (ба истиқомат кунандагони биноҳои баланд ошёна пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва хулосаи эксперти қарзӣ қарзи мазкур дода мешавад).
Ҳайъати гуруҳи уҳдадории якҷоя бояд аз 3 нафар кам набуда аз 12 нафар зиёд набошад. Гуруҳҳо ё ки миқдорашон аз ин талабот зиёд мебошанд ба ду гуруҳ ҷудо карда мешаванд.
 Надоштани қарз ё ӯҳдадори дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ.

15. Талабот ба зоминҳо

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда қайди доимӣ дошта бошанд.
Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 57 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Ҷои кори доими ва ё даромади доими дошта бошанд, ки ин даромад ва амволи онҳо баробар ба ҳаҷми умумии маблағи қарз, ки онҳо барои он зомин мебошанд.
Бо қарзгиранда хоҷагии умумӣ надошта бошад (волидайн, писару духтарон ва ё ҳамсар)
Надоштани қарз ё ӯҳдадорӣ дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ

16. Ҳуҷҷатҳои зарури барои қарзгиранда:

Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи  РМА;
Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҳайати оила; (барои қарзгирандагоне, ки хонаи истиқоматиашонро ба гарав мемонанд). 
Маълумотнома дар бораи даромад дигар ҳуччатҳое, ки даромади  оилавии қарзгирро дар 6 моҳ ё 12 моҳи охир  тасдиқ мекунад;
Ариза – дархост оиди гирифтани қарз.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулки ба амволи гарав, розигии аъзоёни оилаи  ба балоғат расида.
Розиги ҳамсари қарзгиранда (агар оиладор бошад ё шахсони ба амволи гарав гузошташаванда аъзоҳаққи дошта).
Агар қазргир шахси ҳуқуқи бошад товозуни давраи охири моливӣ аз ҷониби кумитаи андоз тасдиқшуда, оиннома, нақшаи корӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси пешниҳод менамояд.
Шаҳодатнома ё патенти шахси ба соҳибкори машғулбуда
Маълумотнома аз ҷои истиқомат (бо талаби коршиноси қарзӣ);

17.Ҳуҷҷатҳои зомин:

Нусхаи шиноснома ва нусхаи РМА;
Маълумотнома оиди даромадҳо барои 6 моҳи охир, дигар ҳуҷҷатҳое, ки пардохтпазирии зоминро тасдиқ мекунанд;

18. Иловагӣ:

Қарз бо назардошти даромади солона ва дигар даромадҳои аризадиҳанда ба миқдори 60% даромадҳои умуми аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Дар асоси дархости қарзгиранда ва пешниҳоди эксперти қарзӣ ба қарзгиранда мӯҳлати имтиёзӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати ба сифати гарав гузошта шудани маснуоти тилловорӣ ва ё амволи манқул ва ғайриманқул қарзи мазкур пас аз бо таври Қонуни ба расмиятдарории амволи ба гаравгузошта шаванда тибқи талаботҳо ва меъёрҳои қабулгардидаи ташкилот ва қонунгузории амалкунандаи ҶТ маблағ ба Қарзгиранда дода мешавад.
Пас аз мусби ҳалшудани қарори кумитаи қарзӣ шартномаи қарзӣ, шартномаи гарави амвол ва ё шартномаи замонат  басташуда, қарз ба қарзгиранда дода мешавад.