Қарзи "Истеъмолӣ"

     Барномаи қарзии «Истеъмолӣ» — ин қарзи хурди гуруҳи ё инфиродӣ бо гарави амвол ва зоминҳо ба шахсони инфиродӣ, ки ин имкон медиҳад як қарзгиранда қарзи хурдро дар ҳайати гуруҳи ӯҳдадории якҷоя ё инфиродӣ барои дастрас намудани маблағҳои пули баҳри қонеъ гардонидани талаботи истеъмолӣ (гузаронидани чорабиниҳои оилавӣ, таъмири хона, харидани мебел, дигар асбоби рӯзгор ва ғайра) худ гирад.

Қарзи хурди инфиродӣ ва гуруҳӣ

1. Асъори Қарз

Сомонӣ, доллари ИМА ва ғайра

2. Шакли маблағгузори

Нақдӣ ва ғайринақдӣ

 

3. Фоизҳои қарзи хурд        

 

Зинаи аввал бо пули миллӣ аз 12% то 25%-и солона бо асъори хориҷӣ аз 12% то 20%-и солона.Зинаи дуюм бо пули миллӣ аз 15% то 25%-и солана бо асъори хориҷӣ аз 12% то 20%-и солона.Зинаи сеюм аз 15% то 25%-и солона бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ бошад аз 12% то 20%-и солона.

4.Маблағи қарзи хурд дар доираи Гурӯҳҳои ӯҳдадории якҷоя (ба ҳар як аъзои гурӯҳ)

Зинаи аввал: – бо пули миллӣ аз 1000 то 10.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ аз 100 то 1.000 доллари ИМА. б) зинаи дуюм. – бо пули миллӣ то 20.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ то 2.000 доллари ИМА. в) Зинаи сеюм ва минбаъда – бо пули миллӣ то 25.000 сомонӣ бо асъори хориҷӣ то 2.500 доллари ИМА.  

5.Маблағи қарз ба шахсони инфиродӣ  

 

Бо пули миллӣ то 250.000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба маблағи то 25.000 доллари ИМА.    

 

6. Мӯҳлати  қарз

 

аз 1- то 36 – моҳ:

 

7. Фоизи яквақтаи маъмурӣ

 

Ситонида намешавад.

 

8. Пардохти қарз ва фоизи он

 

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз). ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти қарзи асосӣ дар мувофиқа бо қарзгиранда. дар ҳолати пешниҳоди мӯҳлати имтиёзӣ (на зиёда аз 10 моҳ) қарзи асоси мувофиқи нақшаи пардохт ситонида мешаванд, фоизҳо бошад ҳармоҳа аз бақияи қарзи асосӣ ситонида мешаванд.

9. Имконияти пардохти пеш аз мӯҳлати қарз

 

Имконият дода мешавад. Қарзгиранда бояд 5 рӯзи корӣ пештар ба таври хаттӣ оиди пеш аз мӯҳлат пардохт намудан қарз ба Ҷамъият хабарнома диҳад. 

 

10.Таъмини қарз

 

Ба маблағи қарзи: – аз 500 сомонӣ то 5000 сомонӣ ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ; 1. Кафолати як ё ду шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгиранда доранд) Ба маблағи қарзи:  -аз 5.000 сомонӣ то 20.000 сомонӣ ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ;  2. Кафолати ду шахси воқеӣ, ки дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда. (ғайр аз шахсоне, ки моликияти якҷоя бо қарзгиранда доранд) Ба маблағи қарзи: – бо асъори миллӣ аз 10.000  сомонӣ то 250.000 сомонӣ; ё ҳамарзиш бо асъори хориҷӣ; 3. Амволи манқул ё ғайриманқул, амволи дар гардишбуда, таҷҳизот, воситаи нақлиёт, амонат, маснуоти тилловорӣ, замонат ва ғайра. Эъзоҳ; Дар ҳолати таърихи хуби қарзӣ доштан ва ё сазовор шудан ба боварии ташкилот бо қарори кумитаи қарзии саридора ба мизоҷон иловатан сабукиҳо дар самти амволи гарав ва зоминҳо пешниҳод карда мешаванд.

 

11. Мӯҳлати дида баромадани дархост

 

То панҷ рузи корӣ аз вақти ба қайдгирии дархост.  

 

12. Ҳолатҳои истинои
Маблағи қарз бо розигии Кумитаи Қарзӣ метавонад аз талаботи қисми 4 зиёд карда шавад.
Ҳолати истисно ба қисми-10: Дар сурати набудани маълумотнома аз ҷои кор ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи даромад тавсия дода мешавад, ки амволи манқули хоҷагидор ё дигар амволи он ба гарав гирифташуда шартномаи гарави амвол тартиб дода шавад.

13. Талабот ба аъзоёни гурӯҳҳо ва қарзгирандагони инфиродӣ
Қарзгиранда бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди доимӣ дошта бошад.
Дорандаи сарчашмаи даромади доими бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
 Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 60 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 57 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Дар ҳолати пурра таъмин будани таъминнокии маблағи қарзӣ бо маснуоти заргари/тилловори/инчунин маблағҳои дар суратҳисобҳои амонати қарор дошта синну соли мизоҷон метавонад аз ҳадди ниҳои зиёд бошад, барои қабул намудани қарор ва тасдики он парвандаи қарзии мизоҷон ба кумитаи қарзии саридора пешниҳод карда мешавад.  
Ҳайати гуруҳи уҳдадории якҷоя бояд аз 3 нафар кам набуда аз 12 нафар зиёд набошад ва гуруҳҳое, ки миқдорашон аз ин талабот зиёд мебошанд ба ду гуруҳ ҷудо карда мешаванд.
Надоштани қарз ё ӯҳдадори дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ.

14. Талабот ба зоминҳо
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қаламрави Ҷумҳури қайди доимӣ дошта бошанд.
Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 65 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 57 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
Ҷои кори доими ва ё даромади доими дошта бошанд, ки ин даромад ва амволи онҳо баробар ба ҳаҷми умумии маблағи қарз, ки онҳо барои он зомин мебошанд.
Бо қарзгиранда хоҷагии умумӣ надошта бошад (волидайн, писару духтарон ва ё ҳамсар).
Надоштани қарз ё ӯҳдадори дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ.

15. Ҳуҷҷатҳои зарури барои Қарзгиранда:

Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи РМА;
Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҳайати оила; (барои қарзгирандагоне, ки хонаи истиқоматиашонро ба гарав мемонанд).
Маълумотнома дар бораи даромад дигар ҳуччатҳое, ки даромади  оилавии қарзгирро дар 6 моҳ ё 12 моҳи охир  тасдиқ мекунад;
Ариза – дархост оиди гирифтани қарз.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулки ба амволи гарав, розигии аъзоёни оилаи ба балоғат расида.
Розиги ҳамсари қарзгиранда (агар оиладор бошад ё шахсони ба амволи гарав гузошташаванда аъзоҳаққи дошта).
Маълумотнома аз ҷои истиқомат (бо талаби коршиноси қарзӣ);

16. Ҳуҷҷатҳои зомин:
Нусхаи шиноснома ва нусхаи РМА;
Маълумотнома оиди даромадҳо барои 6 моҳи охир, дигар ҳуҷҷатҳое, ки пардохтпазирии зоминро тасдиқ мекунанд;

17. Талаботҳои иловагӣ:
Қарз бо назардошти даромади солона ва дигар даромадҳои аризадиҳанда ба миқдори 60% даромадҳои умуми аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Дар асоси дархости қарзгиранда ва пешниҳоди эксперти қарзӣ ба қарзгиранда мӯҳлати имтиёзӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати ба сифати гарав гузошта шудани маснуоти тилловорӣ ва ё амволи манқул ва ғайриманқул қарзи мазкур пас аз бо таври қонуни ба расмиятдарории амволи ба гаравгузошта шаванда тибқи талаботҳо ва меъёрҳои қабулгардидаи ташкилот ва қонунгузории амалкунандаи ҶТ маблағ ба қарзгиранда дода мешавад.

Пас аз мусби ҳалшудани Қарори кумитаи қарзӣ шартномаи қарзӣ, шартномаи гарави амвол ва ё шартномаи замонат  басташуда, қарз ба қарзгиранда дода мешавад.