Қарзи "Бовари"

        Барномаи қарзии «Бовари» – ин намуди қарз бо асъори хориҷи буда танҳо ба шахсони ҳуқуқи яъне мизоҷони Ташкилот пешниҳод карда мешавад. Ҳамчун гарав бар ивази қарз маблағи бо асъори миллии сомони ба андозаи мутаносибан ба маблағи қарзии дархостшаванда баробар дар суратҳисоби мизоҷ ҳамчун гарав нигоҳ дошта мешавад. Ҳадафи асосии ҷори намудани барномаи қарзии мазкур ин дар самти таъҷилан иҷро намудани баъзан ӯҳдадориҳои молиявии мизоҷон мусоидат намудан мебошад.

 

Қарзи хурди инфиродӣ.

1. Асъори Қарз

2. Шакли маблағгузорӣ

3. Фоизҳои қарз

Доллари ИМА ва ғайра (асъори хориҷи)

Ғайринақдӣ

Зинаи аввал аз 12% то 20% солона. 

Зинаи дуюм аз 12% то 15% солона.

4. Маблағҳои қарз бо шахсони хуқуқӣ 

 

5. Мӯҳлати  қарз

– бо асъори хориҷӣ ба маблағи то 44.000 доллари ИМА.  

аз 1 то 12 – моҳ:

6. Фоизи яквақтаи маъмури барои пешниҳод  намудани  қарз

стинода намешавад

7. Пардохти қарз ва фоизи он

аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз).

 ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти қарзи асосӣ дар мувофиқа бо мизоҷ.

 дар асоси ҷадвали пардохт маблағи қарз бо фоизҳояш аз суратҳисоби мизоҷ бо асъори хориҷи тариқи ғайринақди пардохт карда мешаванд.

8. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат пардохтани қарз

Аз қарзгир ҷарима ситонида намешавад, қарзгир бояд 5 рӯзи корӣ пештар ба таври хаттӣ ё шифоҳи оиди пеш аз мӯҳлат пардохт намудани қарз ба роҳбарияти Ташкилот хабар диҳад. 

9.Таъминоти қарз

Бақияи маблағҳои дар суратҳисобҳои амонатии мизоҷон қарордошта бо асъори милли сомони мутаносибан баробар ба андозаи маблағи қарзи дархостшаванда ба ҳабс гирифта шуда ҳамчун гарав нигоҳ дошта мешаванд.

10. Мӯҳлати дида баромадани дархост

то панҷ рузи корӣ пас аз ба қайдгирии дархости қарз.

11. Ҳолатҳои истиноӣ

Маблағи қарз бо розигии кумитаи қарзӣ метавонад аз талаботи қисми 4 зиёд ё кам карда шавад.
Ҳолати истисно – Дар сурати набудани яке аз ҳуҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи фаъолияти мизоҷ тавсия дода мешавад, ки амволи манқули хоҷагидор ё дигар амволи он ба гарав гирифташуда шартномаи гарави амвол тартиб дода шавад.

12. Ҳуҷҷатҳои зарури барои Қарзгиранда:

  • Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи РМА;
  • Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҳайати оила; (барои қарзгирандагоне, ки хонаи истиқоматиашонро ба гарав мемонанд);
  • Маълумотнома дар бораи даромад дигар ҳуччатҳое, ки даромади оилавии қарзгирро дар 6 моҳ ё 12 моҳи охир тасдиқ мекунад;
  • Ариза – дархост оиди гирифтани Қарз;
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулки ба амволи гарав, розигии аъзоёни оилаи ба балоғат расида;
  • Розиги ҳамсари қарзгиранда (агар оиладор бошад ё шахсони ба амволи гарав гузошташаванда аъзоҳаққи дошта);
  • Агар қазргир шахси ҳуқуқи бошад товозуни давраи охири моливӣ аз ҷониби кумитаи андоз тасдиқшуда, оиннома, нақшаи корӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси пешниҳод менамояд;
  • Шаҳодатнома ё патенти шахси ба соҳибкори машғулбуда;
  • Маълумотнома аз ҷои истиқомат (бо талаби коршиноси қарзӣ).

13.Талаботҳои иловагӣ:

  • Қарз бо назардошти даромади солона ва дигар даромадҳои аризадиҳанда ба миқдори 60% даромадҳои умуми аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад;
  • Дар асоси дархости қарзгиранда ва пешниҳоди эксперти қарзӣ ба қарзгиранда мӯҳлати имтиёзӣ пешниҳод карда мешавад;
  • Дар сурати ба сифати гарав гузошта шудани маснуоти тилловорӣ ва ё амволи манқул ва ғайриманқул қарзи мазкур пас аз бо таври Қонуни ба расмиятдарории амволи ба гаравгузошта шаванда тибқи талаботҳо ва меъёрҳои қабулгардидаи ташкилот ва қонунгузории амалкунандаи ҶТ маблағ ба қарзгиранда дода мешавад.

    Пас аз мусби ҳал шудани қарори кумитаи қарзӣ шартномаи қарзӣ, шартномаи гарави амвол ва ё шартномаи замонат басташуда, қарз ба қарзгиранда дода мешавад.