Пасандози мӯҳлатноки “Ҷамъшаванда”

     Пасандози мӯҳлатноки “Ҷамъшаванда”. Пасандози мазкур пуркунанда намебошад, яъне аз маблағи аввалия даровардашуда мутобиқи мӯҳлати шартнома ва ҷадвали фоизҳо, фоиз ҳисоб карда шуда, ҳар моҳ пас аз пардохти андозҳо фоизи ҳисобшуда ба маблағи асосии пасандоз зам карда мешавад. 

Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.  
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасандозҳо бо сомонӣ, доллари ИМА, рубли Русӣ ва евро қабул карда мешаванд.    

  • Маблағи камтарини пасандоз:
  • Бо пули миллӣ на кам аз 100 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро на кам аз 100 воҳиди асъор ва  бо Рубли русӣ на кам аз 1000 воҳиди асъор

Маблағи пардохти иловагӣ:

  • Иҷозат дода намешавад. Пасандоз пуркунанда намебошад. 

Тарзи қабул кардани маблағи пасандоз: нақдӣ ва ғайри нақдӣ. 

Мӯҳлати шартнома:   

  • аз 6 моҳ  то 3 сол.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз:

  • Фоизҳои ҳармоҳа ҳисобшуда ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд.

Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.
  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 3 сол

Мӯҳлати пасандоз

Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

 

Аз 6  то  11 моҳ

5%

2%

1%

1%

Аз 11 то 13 моҳ

9%

5%

2%

2%

Аз 13 то 24 моҳ

11%

6%

3%

3%

Аз 24 моҳ зиёд

13%

7%

4%

4%