Вохӯрӣ бо соҳибкорони ҷавон дар доираи
GLOBAL MONEY WEEK

Дар доираи “Ҳафтаи саводнокии молиявӣ” ё “Ҳафтаи ҷаҳонии пул”, кормандони ҶДММ ТАҚХ «Азизӣ-Молия» дар шаҳри Бохтар барои донишҷӯён семинарҳо гузарониданд.

IMG_20220416_113759

     Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон як қадами муҳим дар роҳи таҳкими ояндаи устувори молиявии кишвар мебошад. Насли наврас ҳарчи зудтар ба аз худ кардани асосҳои саводнокии молиявӣ шурӯъ кунад, онҳо ҳамон қадар дилпурона дар ҷаҳони молия паймоиш хоҳанд кард.
     Вобаста ба  “Ҳафтаи байналмиллалии Молия» ё «Global Money Week» , кормандони ҶДММ ТАҚХ «Азизӣ-Молия» барои хонандагони шаҳри Бохтар семинар гузарониданд.
     Пул чист ва чӣ тавр онро оқилона истифода бурдан мумкин аст? Сарфа кардани пулро чӣ гуна бояд ёд гирифт ва барои ин чӣ гуна роҳҳо мавҷуданд? Чаро шумо бояд саводи молиявӣ дошта бошед? Иштирокчиёни семинар ба ин ва дигар саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ ва машваратҳои салоҳиятдор гирифтанд. Дар чамбастӣ, ба иштирокчиён тухфахои хотиравӣ ва сертификат супорида шуданд.

 

Бо шараф зиндагӣ кунед - аз ҷиҳати молиявӣ саводнок бошед!