Тарофаҳои хизматрасонии ҶДММ ТАҚХ «Азизӣ-Молия»

Муқарароти умумӣ

  • Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурдӣ «Азизӣ-Молия», ки дар оянда «Ташкилот» ном бурда мешавад, ҳуқуқ дорад  нархномаи мазкурро як тарафа, ба таври худ тағиротҳо ва иловаҳо дарорад, ҳамзамон визфадор аст дар ин бора дар мӯҳлатҳое, ки дар шартномаҳои байни мизоҷон ва ташкилҳои қарзӣ муросил нишон дода шудааст, онҳоро хабардор намояд.
  • Ҳаққи хизмат аз рӯи тарофаҳои Ташкилот бо пулӣ миллӣ гирифта мешавад. Мумкин аст ҳаққи хизмат дар асоси созишномаи бо мизоҷ басташуда бо асъоре, ки бо он амалиёт гузаронида мешавад мутаносибан бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамон рӯзи гузаронидани пардохт,  ситонида шавад.  
  • Ҳамаи хароҷотҳо (хароҷотҳои вобаста ба нақлиёт, ҳаққи хизмати ташкилотҳои қарзии муросилотӣ, пардохтҳои почтавӣ, телеграфӣ, телексӣ, факсималӣ, пардохтҳои вобаста ба расмиятдарорӣ дар идораи нотариалӣ ва ғайра), ки аз тарафи Ташкилот барои иҷрои супоришҳои мизоҷ сарф мешавад ё шудааст, аз ҳисоби мизоҷ аз рӯи арзиши аслиаш руйпуш карда мешавад.
  • Барои иҷро намудани супоришномаҳои пардохтии фаврӣ бо асъори хориҷӣ маблағи комиссия 2 баробар зиёд карда мешавад. Ба ин гӯрӯҳ он супоришномаҳое дохил мешаванд, ки аз лаҳзаи ворид шуданаш дар давоми 2-соат иҷро карда мешаванд ва комиссия барои иҷрои амалиётҳо бо асъори хориҷӣ, бо пули сомонӣ ситонида мешавад.
  • Ташкилот барои дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ нодуруст нишондодани реквизитҳо, ки аз ҷониби мизоҷ пешниҳод шудааст, хатогиҳо, шарҳи нодуруст дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва ҳамчунин барои маълумотҳои ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ки бархилофи дастурамалҳои амалкунандаи БМТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ мебошанд, ҷавобгар намебошад.
  • Дар ҳолати бекор кардани супоришномаи пардохтӣ ҳаққи хизмати ситонидашуда баргардонида намешавад.
  • Ҳаққи хизмат аз рӯи тарофаҳои Ташкилот, ки бо фоиз нишон дода шудааст, ба намуди фоиз аз маблағи амалиёт, дар баъзе ҳолатҳо бо нишондодани андозаи баландтарин ва ё пастарин гирифта мешавад. Дар ин ҳолат кам кардани андозаи комиссиони дар асоси супоришнома, фармон ва ё Қарори Раиси Раёсати Ташкилот ба амал бароварда мешавад.
  • Дар баъзе ҳолатҳои зарурӣ Ташкилот метавонад дар асоси созишномаи тарафайн меъёрҳои муқарар шударо барои амалиётҳои мушаххасс тағйир диҳад.
  • Тарофаҳо ва шартҳои мазкур аз санаи 08 ноябри 2022 сол пас аз ба имзо расиданаш мавриди амал қарор дода шуда, тарофаҳо ва шартҳои то ин дам амалкунанда бе эътибор дониста мешавад.

Номгӯи хизматрасониҳо