ТАҚХ «Азизӣ-молия» бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ бо шартҳои имтиёзнок қарз дода истодааст.
Дигар хизматрасониҳои Азизи-молия кушодани суратҳисобҳои амонатӣ, интиқоли пул, нуқтаҳои мубодилаи асъор ва хизматрасонии ҳисоббаробаркунию кассавӣ мебошанд.
ТАҚХ сол то сол босуръат рушд карда, маҳсулот ва сифати хизматрасониро ба мизоҷон беҳтар намуда, ба ин васила ҳузури худро ҳам дар вилояти Суғд ва ҳам дар ҷануби кишвар васеъ менамояд.