МҚД/МТ/МПСҚО
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1404 “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмигардонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом”, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ Тоҷикистон, стандартҳо, таҷрибаҳои байналмилалӣ, тавсияҳои ташкилотҳо ва ассотсиатсияҳои байналмилалӣ, дар Ташкилот Сиёсат ва Амалиётҳо оид ба принсипҳо ва қоидаҳои назорати дохилӣ, бо мақсади муқовимат бо қонунигардонӣ (шустушӯ) даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом “( минбаъд – Сиёсат ва Амалиётҳо) таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини татбиқи Сиёсат ва Қоидаҳо ва ташкили системаи муассири назорати дохилӣ бо мақсадҳои МҚД/МТ/МПСҚО, дар Ташкилот як воҳиди мустақили сохторӣ –
Департаменти комплеанс амал мекунад, ки ба он корманди масъули Ташкилот роҳбарӣ мекунад. Функсияҳои назорат аз болои ташкили дар Ташкилот оид ба МҚД/МТ/МПСҚО аз ҷониби Шӯрои Нозирони Ташкилот иҷро карда мешаванд.
Ташкилот суратҳисобҳои беном намекушояд ва бо бонкҳои ғайрирезидент, ки дар қаламрави давлатҳое, ки дар қайди онҳо мебошанд, мақомоти доимоамалкунандаи идоракунӣ надоранд, муносибатҳо барқарор намекунад. Инчунин, Ташкилот суратҳисобҳо намекушояд ва бо бонкҳои ғайрирезидент, ки амалиётро аз рӯи суратҳисобҳои онҳо аз ҷониби бонкҳое, ки мақомоти ҳокимияти доимӣ дар қаламрави давлатҳое, ки дар қайди онҳо ҳастанд, анҷом медиҳанд, робита намекунад, илова бар ин, Ташкилот дигар талаботҳои қонунгузории амалкунандаро дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО иҷро мекунад.
Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ, Ташкилот сиёсати шаффофро дастгирӣ мекунад, ба нигоҳ доштани нуфузи баланди корӣ ва кам кардани хавфи ҷалби Ташкилот, роҳбарон ва кормандони он ба татбиқи қонунигардонӣ (шустушӯи) даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноӣ бадаст омадаанд, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом нигаронида шудааст, кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ташкилот ҳамаи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талабот ва қонунҳоеро, ки таъсири экстерриториалӣ доранд ва ба фаъолияти Ташкилот таъсир мерасонанд, риоя мекунад