Интиқоли маблағҳо

Юнистрим

Системаи пардохти байналмилалии интиқоли пул яке аз системаҳои маъмултарин дар Русия ва кишварҳои ИДМ мебошад. Интиқолҳо дар аксари кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешаванд; Асъори интиқол: рубли русӣ, доллари ИМА, евро; Суръати интиқоли пул - аз 5 дақиқа. Комиссия: аз 0,5% то 1,5% (бо рубли русӣ), аз 0,5% то 2,3% (бо доллар ва евро).

CONTACT

Аввалин системаи Русияи интиқоли байналмилалии пул ва пардохтҳо барои шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, ки соли 1999 таъсис ёфтааст. Интиқолҳо ба кишварҳои ҳамсоя анҷом дода мешаванд Асъори интиқол: рубли русӣ, доллари ИМА, ЕВРО. Комиссия: аз 1% вобаста ба маблағ ва самт.

Вестерн Юнион

Системаи байналмилалии интиқоли маблағҳои Western Union дар зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон амал мекунад Асъори интиқол: рубли русӣ, доллари ИМА; Суръати интиқоли пул - 5 дақиқа; Комиссия: аз 0,7% то 1% (бо рубли русӣ); доллари ИМА вобаста ба маблағ ва самт.

Дастрас

Низоми дохили интиқоли пули “Дастрас” танҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо тавассути ЧДММ ТАКХ «Азизи-Молия» сурат мегирад, яъне дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, вилоятҳо ва минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳо амал менамояд. • Асъори интиқол: пули миллӣ-сомонӣ; • Суръати гузаронидани интиқоли пул - 3 дақиқа; • Ҳаққи хизматрасонӣ: ҳангоми пардохти маблағҳои интиқолӣ ба шахсони воқеӣ ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад; • Ҳаққи хизматрасонӣ ҳангоми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ дар дохили ҷумҳурӣ аз як минтақа ба дигар минтақа тавассути воҳидҳои сохтории ЧДММ ТАКХ «Азизи-Молия»: • Аз 50,01 сомонӣ то 20000 сомонӣ 0,7%