Барномаи қарзии "Таҳсил"

Барномаи қарзии «Таҳсил» – ин намуди қарз бо асъори миллӣ буда, танҳо ба шахсони вокеъи пешниҳод карда мешавад. Қарзи хурди инфиродӣ бе гарави амвол ва бе зомин ба шахсони инфиродӣ, ки метавонанд маблағҳои пулиро барои пардохти таҳсили солонаи худ ва фарзандон истифода намоянд.

 

Қарзи  хурди инфиродӣ ва гуруҳӣ

1. Асъори Қарз

Сомонӣ

2. Шакли маблағгузори

·   Ғайринақдӣ ё нақдӣ

3. Фоизҳои қарзи хурд

·      бо пули миллӣ, бо 22%-и солона.

4.Маблағи қарз ба шахсони инфиродӣ

·     бо пули миллӣ то 15.000 сомонӣ.   

5. Мӯҳлати  қарз

·     аз 3 то 12 – моҳ.

6. Фоизи яквақтаи маъмурӣ

·     ситонида намешавад.

 

7. Пардохти қарз ва фоизи он
·  аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз).
·  ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти қарзи асосӣ дар мувофиқа бо қарзгиранда.
·  дар ҳолати пешниҳоди мӯҳлати имтиёзӣ (на зиёда аз 3 моҳ) қарзи асоси мувофиқи нақшаи пардохт ситонида мешаванд, фоизҳо бошад ҳармоҳа аз бақияи қарзи асосӣ ситонида мешаванд.
8. Имконияти пардохти пеш аз мӯҳлати қарз
Имконият дода мешавад. Қарзгиранда бояд 3 рӯзи корӣ пештар ба таври хаттӣ оиди пеш аз мӯҳлат пардохт намудан қарз ба Ҷамъият хабарнома диҳад. 
9. Шарти додани карз
·     бо пешниҳод намудани шартномаи ҳаққи таҳсил.
·     дорои даромад аст бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.
10.Таъмини қарз
·  Бе зомин.
·  Бе гарав.

11. Мӯҳлати дида баромадани дархост
·  то се рузи корӣ аз вақти ба қайдгирии дархост.

 

  1. Ҳолатҳои истинои

Ҳолати истисно ба қисми-10: Дар сурати набудани маълумотнома аз ҷои кор ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи даромад тавсия дода мешавад, ки амволи манқули хоҷагидор ё дигар амволи он ба гарав гирифташуда шартномаи гарави амвол тартиб дода шавад.

  1. Талабот ба қарзгирандагони инфиродӣ
  • Қарзгиранда бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди доимӣ дошта бошад;
  • Дорандаи сарчашмаи даромади доими бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
  • Синну соли қарзгирандагон аз 18 то 63 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз барои мардҳо ва барои занон аз 18 то 57 сола дар мӯҳлати ниҳоии пардохти қарз;
  • Дар ҳолати пурра таъмин будани таъминнокии маблағи қарзӣ бо маснуоти заргари/тилловори/инчунин маблағҳои дар суратҳисобҳои амонати қарор дошта, синну соли мизоҷон метавонанд аз ҳадди ниҳои зиёд бошад, барои қабул намудани қарор ва тасдики он парвандаи қарзии мизоҷон ба кумитаи қарзии саридора пешниҳод карда мешавад;
  • Надоштани қарз ё ӯҳдадори дар назди дигар ташкилотҳои қарзӣ.
  1. Ҳуҷҷатҳои зарури барои Қарзгиранда:
  • Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи РМА;
  • Маълумотнома дар бораи даромад дигар ҳуччатҳое, ки даромади оилавии қарзгирро дар 6 моҳ ё 12 моҳи охир  тасдиқ мекунад;

Маблағи қарз бо розигии Кумитаи Қарзӣ метавонад аз талаботи қисми 4 зиёд карда шавад.

  • Ариза – дархост оиди гирифтани қарз.
  • Розиги ҳамсари қарзгиранда (агар оиладор бошад ё шахсони ба амволи гарав гузошташаванда аъзоҳаққи дошта).
  • Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҳайати оила (бо талаби коршиноси қарзӣ).
  1. 15. Талаботҳои иловагӣ:
  • Қарз бо назардошти даромади солона ва дигар даромадҳои аризадиҳанда ба миқдори 60% даромадҳои умумии аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
  • Дар асоси дархости қарзгиранда ва пешниҳоди эксперти қарзӣ ба қарзгиранда мӯҳлати имтиёзӣ пешниҳод карда мешавад.

Пас аз мусби ҳалшудани Қарори кумитаи қарзӣ шартномаи қарзӣ баста шуда, қарз ба қарзгиранда дода мешавад.