Баронами қарзии "Осон Қарз"

Барномаи қарзии «Осон Қарз» – ин намуди қарз танҳо бо пули миллии сомонӣ ба шахсони воқеъӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми пешниҳод намудани қарзи мазкур аз мизоҷон баҳри таъминоти қарз гарав ё зомин аз ҷониби Ташкилот талаб карда намешавад. Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани барномаи қарзии мазкур ин дастгирии молиявии мизоҷон ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оила ё бартараф намудани мушкилотҳои молиявӣ мебошад.

 

“Осон Қарз” (қарзӣ  хурди истеъмоли)

1. Асъори Қарз

Сомонӣ

2. Шакли маблағгузорӣ

Нақди ва ғайринақдӣ. (тариқи ҳамёни мобили)

3. Фоизҳои қарзи

то 29%-и солона.

4. Маблағи қарз

то 3 000,00 (Се ҳазор) сомонӣ.  

5. Мӯҳлати  қарз

 то 12 – моҳ: (1-сол)

6. Ҳаққи хизматрасонии хазинавӣ

Ситонида намешаванд.

7. Пардохти қарз ва фоизи он

Бо риояи ҳатмии ҷадвали пардохт тариқи ануитети маблағи қарз бо фоизҳояш аз ҷониби мизоҷ бо пули милли сомонӣ тариқи нақди ғайринақди пардохт карда мешаванд.

8. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат пардохтани қарз

Аз мизоҷон ҷарима ё пардохтҳои иловаги ситонида намешавад, бо истиснои пардохти ҳатми яъне фоизҳое, ки то рузи пардохт ҳисоб шудаанд ва бақияи маблағи маблағи қарз.

9.Таъминоти қарз

 Аз рӯи барномаи мазкур маблағҳои қарзӣ бидуни таъминот (гарав) ё зоминҳо ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.

10. Мӯҳлати дида баромадани дархост.

Фавран дар давоми аз 1-соат то 1 (як) рӯзи кори пас аз бақайдгирии дархости қарзӣ.

11. Ҳуҷҷатҳои лозима барои Қарзгиранда:

  • Шиноснома (нусхаи шиноснома) ва нусхаи РМА;
  • Маълумотнома аз ҷои кор; (дар баъзан мавридҳо);
  • Ариза (дархост) – оиди гирифтани Қарз;

 13. Талаботҳои иловагӣ:

  • Қарз тариқи ҳатми танҳо ба он мизоҷоне пешниҳод карда мешавад, ки ҷойи истиқоматашон бо минтақаи фаъолияти сохтори Ташкилот мутобиқ мебошад.
  • Барои гирифтани қарз дар як вақт 2-нафар аъзоёни як оила, ки зиндагии якҷоя доранд муроҷиат карда наметавонанд;
  • Ҳангоми дархост намудани қарз сину соли мизоҷон барои мардҳо аз 18 то 60 сола ва барои занҳо аз 18 то 57 сола пешбини карда мешавад.