ТочикиРусскийEnglish

Пасандози мӯҳлатноки “Муҳоҷир”. Пасандози пуркунанда буда, мӯҳлати пуркунии иловаги  то чор моҳи аввали амали шартномаи пасандозӣ мебошад. Фоизи пасандоз ҳар моҳ ҳисоб карда шуда бо хоҳиши мизоҷ пардохта мешавад.

 

  Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

 

Пасандозҳо бо сомонӣ, доллари ИМА,  қабул карда мешаванд. 

Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 100 сомонӣ.
  • Бо доллар на кам аз 50 доллари ИМА.

 

Маблағи пардохти иловагӣ:

  • Бе меҳдудият.

 

Давраи гузоштани пардохти иловагӣ:

  • то чор моҳи аввали амали мӯҳлати шартномаи пасандозӣ имконпазир аст.

        

                 Шартҳои асосии пасандозӣ мазкур  аз он иборат аст, ки маблағи дар суратҳисоби пасандози гузошта мешуда бояд аз ҳисоби маблағи бо системаҳои интиқоли пулӣ гирифтамешудаи пасандозгузорон ва ё шахсоне, ки ҷои кори доими надоранд бошад ва бояд на камтар аз 9 моҳ дар  дар Ҷамъият нигоҳ дошта шавад.

 

Тарзи қабул кардани маблағи пасандоз: нақдӣ ва ғайри нақдӣ.

Мӯҳлати шартнома:   9 моҳ ва зиёда аз он.

 

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

  • Ҳармоҳа
  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома

 

      Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти воридоти иловагӣ ба пасандоз аз ҳисоби маблағҳои интиқоли пулӣ.
  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 9 моҳ то 36 моҳ.

Мӯҳлати пасандоз

    Сомонӣ

Доллари ИМА

Аз 9  то 11 моҳ

9%

4%

Аз 12 то 15 моҳ

11%

6%

Аз 16 то 23 моҳ

13%

7%

Аз 24 моҳ зиёд

15%

8%