Пасандозӣ зикршуда ба мӯҳлати муайян гузошта мешавад ва инчунин ба мизоҷ имконият медиҳад дар вақти пеш аз мӯҳлат гирифтани пасандозӣ мӯҳлатноки “Имконият” тибқи тартиби муқараргашта фоиз гирад. Бояд қайд кард, ки ҳисоб намудани фоизҳо аз рӯи ҷадвал дар ҳолати  бекор шудани шартнома баъди гузаштани ними мӯҳлати шартнома амалӣ мешавад. Дар ҳолати пештар аз нимаи мӯҳлат баста шудани пасандоз фоизҳо аз рӯи фоизҳои пасандозӣ амонатӣ ҳисоб карда мешаванд. 

Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасандозҳо бо сомонӣ, доллари ИМА, рубли Русӣ ва евро қабул карда мешаванд.    

Маблағи пардохти аввал:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 100 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро на кам аз 100 воҳиди асъор ва бо Рубли русӣ на кам аз 1000 воҳиди асъор.

Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти мубодилаи пасандоз бо асъори дигар тибқи қурби муайяннамудаи Ҷамъият дар рўзи додани ариза.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.
  • Имконияти тамдид намудани пасандоз.
  • Имконияти гузоштани пардохти иловагӣ то ниммаи мӯҳлат
  • Имконияти гирифтани фоизи муқараршуда дар ҳолати пеш аз мӯҳлат гирифтани пасандоз.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

  • Ҳармоҳа
  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад:

Ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 3 сол

Мӯҳлати пасандоз

Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли русӣ

Аз 6 то 11 моҳ

5%

1%

3%

1%

1%

0%

2%

0%

Аз 12 то 23 моҳ

8%

2%

5%

2%

3%

1%

3%

1%

Аз 24 то 29 моҳ

10%

3%

6%

3%

4%

2%

4%

2%

Аз 30 то 36 моҳ

12%

5%

7%

4%

5%

3%

5%

3%

Тартиби ҳисоб кардани фоизҳои пасандоз

Мувофиқи шартҳои шартнома

Дар вакти пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома

Пасандоз кӯдаконаи “Тифли Заррин” фақат барои кӯдакони ноболиғ кушода мешавад. Пасандози мазкур пуркунанда мебошад, яъне пасандозгузор метавонад то як сол пеш ба охир расидани мӯҳлати шартномаи пасандозиаш ба ҳисоби мазкур маблағ ворид намояд. Фоизи пасандоз ҳар моҳ ҳисоб карда мешавад ва пас аз як сол ба маблағи асосии пасандоз зам карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • шаҳодатномаи таваллуди кӯдак
  • шиносномаи яке аз волидайн

 Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ 100 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро 100 воҳиди асъор ва бо Рубли Русӣ 1000 воҳиди асъор.

Давраи гузоштани пардохти иловагӣ:  ҳармоҳа (то як сол пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати шартнома)

Маблағи пардохти иловагӣ:  на кам 20 воҳиди асъор  

Шартҳои асосии шартнома аз он иборат аст, ки маблағи дар суратҳисоббуда, на кам аз се сол дар Ҷамъият нигоҳ дошта мешавад.

Мӯҳлати шартнома:  на кам аз 3 сол то ба синни 18 солагии пасандозгузор.

    Дар ҳолати вайрон кардани шартҳои пасандоз:

  • то 1 моҳ мондани пасандоз 0%-и солона
  • Зиёда аз 1 моҳ бо пули миллӣ 4%-и солона бо асъорҳои хориҷӣ 2%-и солона
  • Зиёда аз нисфи мўҳлати шартнома бо пули милли 5%-и солона бо асъори хориҷӣ 4%-и солона

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз:

  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома
  • Фоизҳои ҳисобшуда дар охири сол ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд.

Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад:

Ба мӯҳлати аз 36 моҳ ва зиёда аз он

Мӯҳлати пасандоз

Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

36 моҳ ва зиёда аз он

15%

8%

3%

4%

Пасандози мӯҳлатноки “Ҷамъшаванда”. Пасандози мазкур пуркунанда намебошад, яъне аз маблағи аввалия даровардашуда мутобиқи мӯҳлати шартнома ва ҷадвали фоизҳо, фоиз ҳисоб карда шуда, ҳар моҳ пас аз пардохти андозҳо фоизи ҳисобшуда ба маблағи асосии пасандоз зам карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасандозҳо бо сомонӣ, доллари ИМА, рубли Русӣ ва евро қабул карда мешаванд.    

Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 100 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро на кам аз 100 воҳиди асъор ва бо Рубли русӣ на кам аз 1000 воҳиди асъор.

Маблағи пардохти иловагӣ:

  • Иҷозат дода намешавад. Пасандоз пуркунанда намебошад.

Тарзи қабул кардани маблағи пасандоз: нақдӣ ва ғайри нақдӣ.

Мӯҳлати шартнома:   аз 6 моҳ  то 3 сол.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз:

  • Фоизҳои ҳармоҳа ҳисобшуда ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд.

Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

                 Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 3 сол

Мӯҳлати пасандоз

    Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

Аз 6  то 9 моҳ

5%

2%

1%

1%

Аз 10 то 12 моҳ

9%

5%

2%

2%

Аз 13 то 23 моҳ

11%

6%

3%

3%

Аз 24 моҳ зиёд

13%

7%

4%

4%

Пасандози мӯҳлатноки “Даромади доимӣ”. Пасандози пуркунанда буда, мӯҳлати пуркуни то ниммаи амали шартномаи пасандози мебошад. Фоизи пасандоз ҳар моҳ ҳисоб карда шуда бо хоҳиши мизоҷ пардохта мешавад.

  Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасандозҳо бо сомонӣ, доллари ИМА, рубли Русӣ ва евро қабул карда мешаванд. 

Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 100 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро на кам аз 100 воҳиди асъор ва бо Рубли русӣ на кам аз 1000 воҳиди асъор.

Маблағи пардохти иловагӣ:

  • Бе меҳдудият.

Давраи гузоштани пардохти иловагӣ:

  • то нимаи амали мӯҳлати шартномаи пасандозӣ имконпазир аст.

                 Шартҳои асосии шартномаи пасандозӣ даромадӣ доимӣ аз он иборат аст, ки маблағи дар суратҳисоб буда бояд накамтар аз 6 моҳ  дар Ҷамъият нигоҳ дошта шавад.

Тарзи қабул кардани маблағи пасандоз: нақдӣ ва ғайри нақдӣ.

Мӯҳлати шартнома:   6 моҳ ва зиёда аз он.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

  • Ҳармоҳа
  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома
  • Фоизҳои ҳармоҳа ҳисобшуда ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд.

Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти воридоти иловагӣ ба пасандоз
  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 36 моҳ.

Мӯҳлати пасандоз

    Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

Аз 6  то 9 моҳ

6%

2%

1%

1%

Аз 10 то 12 моҳ

10%

6%

2%

2%

Аз 13 то 23 моҳ

12%

7%

3%

3%

Аз 24 моҳ зиёд

14%

8%

4%

4%

Пасандози мӯҳлатноки “Муҳоҷир”. Пасандози пуркунанда буда, мӯҳлати пуркунии иловаги  то чор моҳи аввали амали шартномаи пасандозӣ мебошад. Фоизи пасандоз ҳар моҳ ҳисоб карда шуда бо хоҳиши мизоҷ пардохта мешавад.

  Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасандозҳо бо сомонӣ, доллари ИМА,  қабул карда мешаванд. 

Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 100 сомонӣ.
  • Бо доллар на кам аз 50 доллари ИМА.

Маблағи пардохти иловагӣ:

  • Бе меҳдудият.

Давраи гузоштани пардохти иловагӣ:

  • то чор моҳи аввали амали мӯҳлати шартномаи пасандозӣ имконпазир аст.

                 Шартҳои асосии пасандозӣ мазкур  аз он иборат аст, ки маблағи дар суратҳисоби пасандози гузошта мешуда бояд аз ҳисоби маблағи бо системаҳои интиқоли пулӣ гирифтамешудаи пасандозгузорон ва ё шахсоне, ки ҷои кори доими надоранд бошад ва бояд на камтар аз 9 моҳ дар  дар Ҷамъият нигоҳ дошта шавад.

Тарзи қабул кардани маблағи пасандоз: нақдӣ ва ғайри нақдӣ.

Мӯҳлати шартнома:   9 моҳ ва зиёда аз он.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

  • Ҳармоҳа
  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома

      Имкониятҳои пасандозгузор:

  • Имконияти воридоти иловагӣ ба пасандоз аз ҳисоби маблағҳои интиқоли пулӣ.
  • Имконияти тамдид намудани мӯҳлати пасандоз.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 9 моҳ то 36 моҳ.

Мӯҳлати пасандоз

    Сомонӣ

Доллари ИМА

Аз 9  то 11 моҳ

9%

4%

Аз 12 то 15 моҳ

11%

6%

Аз 16 то 23 моҳ

13%

7%

Аз 24 моҳ зиёд

15%

8%

Эзоҳ: Барои мизоҷоне, ки мӯҳлати пасандозҳояшон аз як сол зиёд буда, маблағи пасандоз бо мутаносиби асъори миллӣ, дар рӯзи гузоштани пасандоз зиёда аз 200 000 сомониро  ташкил медиҳад, меъёри фоизи онҳо бо иҷозати Директори Ҷамъият бо мувофиқа бо иштирокчии Ҷамъият ба андозаи то3%-и  солона аз меъёри муқарашуда баланд карда мешавад.  Ин имкониятҳо дар шартномаҳои онҳо дарҷ карда мешавад.

Ҳамаи фоизҳои дар ҷадвалҳои нишондодашуда солона мебошанд.

Тартиби қабул ва ҳисоби фоизи пасандозҳо аз тарафи ҶДММ  ТАҚХ “Азизӣ-Молия”

1.Пасандози амонатӣ.

                 Ҳисоби пасандозии мазкур фақат барои шахсони воқеӣ резидент ва ғайрирезидент кушода мешаванд. Ин намуди пасандоз ба мизоҷ имконият медиҳад, ки маблағҳои озоди худро дар Ҷамъият бе мӯҳлат ва бе маҳдудият нигоҳ доранд ва дар вақти зарурият қисм ё ҳамаи онро гиранд. Фоизи пасандоз ҳар рӯз аз бақияи маблағи пасандоз ҳисоб карда мешавад ва пас аз пардохти андоз тибқи меъёри муайян намудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири моҳ ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд. 

Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Пасндоз бо сомонӣ, доллари ИМА, рубли Русӣ ва евро қабул карда мешаванд. 

Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 50 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро на кам аз 10 воҳиди асъор ва бо Рубли русӣ на кам аз 500 воҳиди асъор.

Имкониятҳои Пасандозгузор:

  • Имконияти гузоштани пардохти иловагӣ ҳарруза.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.
  • Имконияти зам кардани фоизи ҳисобкардашуда ба пасандоз
  • Имконияти интиқол намудани он, дар асоси талаботҳои ҷории Қонунгузории ҶТ.
  • Имконияти гирифтани маблағи пасандоз мувофиқи дархости пасандозгузор.
  • Имконияти бе мӯҳлат кушодани ҳисоби пасандозӣ.

Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

  • Ҳармоҳа
  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома

  • Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 1 рӯз зиёд

Мӯҳлати пасандоз

Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

Аз 1 рӯз зиёд

аз 0% то 3%

аз 0% то 2%

аз 0% то 1%

аз 0% то 1%