Пасандози "Амонатӣ"

      Ҳисоби пасандозии мазкур фақат барои шахсони воқеӣ резидент ва ғайрирезидент кушода мешаванд. Ин намуди пасандоз ба мизоҷ имконият медиҳад, ки маблағҳои озоди худро дар Ҷамъият бе мӯҳлат ва бе маҳдудият нигоҳ доранд ва дар вақти зарурият қисм ё ҳамаи онро гиранд. Фоизи пасандоз ҳар рӯз аз бақияи маблағи пасандоз ҳисоб карда мешавад ва пас аз пардохти андоз тибқи меъёри муайян намудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири моҳ ба маблағи пасандоз зам карда мешаванд. 
 
Ҳуҷҷатҳои зарури барои кушодани ҳисоби пасандозӣ:

  • Шиноснома.
  • РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда)
  • Ариза барои кушодани суратҳисоб.

 
Пасндоз бо сомонӣ, доллари ИМА, рубли Русӣ ва евро қабул карда мешаванд. 
Маблағи камтарини пасандоз:

  • Бо пули миллӣ на кам аз 50 сомонӣ.
  • Бо доллар ва евро на кам аз 10 воҳиди асъор ва бо Рубли русӣ на кам аз 500 воҳиди асъор.

 
Имкониятҳои Пасандозгузор:

  • Имконияти гузоштани пардохти иловагӣ ҳарруза.
  • Имконияти гирифтани фоизҳо бо корти пластикӣ.
  • Имконияти гирифтани қарз бо гарави пасандоз.
  • Имконияти зам кардани фоизи ҳисобкардашуда ба пасандоз
  • Имконияти интиқол намудани он, дар асоси талаботҳои ҷории Қонунгузории ҶТ.
  • Имконияти гирифтани маблағи пасандоз мувофиқи дархости пасандозгузор.
  • Имконияти бе мӯҳлат кушодани ҳисоби пасандозӣ.

 
Давраи гирифтани фоизҳои пасандоз бо хоҳиши пасандозгузор:

  • Ҳармоҳа
  • Баъд аз охир расидани мӯҳлати шартнома

Андозаи фоизи солонаи пасандоз дар ҷадвал нишон дода мешавад.

Ба мӯҳлати аз 1 рӯз зиёд

Мӯҳлати пасандоз

Сомонӣ

Доллари ИМА

Евро

Рубли Русӣ

Аз 1 рӯз зиёд
аз 0% то 3%
аз 0% то 2%
аз 0% то 1%
аз 0% то 1%